ОШПАЗИ АРК ДАР БОРАИ ИШКАМЧАРОНИҲОИ ҲОКИМОНИ АФҒОНИСТОН: ТОЛИБОН ФАҚАТ ГӮШТ, ГӮШТ ВА ГӮШТ МЕХӮРАНД..

5 Просмотры
Издатель
Нашрияи амрикоии “The New York Times” дар як гузориши худ аз тағйирот дар ошпазхонаи арки раёсатҷумҳурии Афғонистон дар замони "Толибон" пардохтааст. Дар ин матлаб гузоришгари ин расонаи маъруф Ҳанна Бич бо сарошпази собиқи Арки раёсатҷумҳури Афғонистон ҳамсӯҳбат шуда, аз дигаргуниҳо дар номгӯи таомҳо (меню), то ба кадом зина поин фаромадани манзалати сарошпаз ва ишкамчарронии ҳокимони мухталифи ин кишвар, аз ҷумла "Толибон" нақл кардааст.
Гуфта мешавад, сарошпази собиқи Арк Насруллоҳ аз тоҷикони дараи Панҷшер буда, ин касбро аз падару амаки худ ба мерос гирифтааст. Ӯ аз 15-солагӣ дар ошхонаи Арк ҳамроҳи падару амакаш, ҳанӯз дар даврони шоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳ, ки дар соли 1973 дар кудатое аз қудрат барканор шуд, корро оғоз карда, аз зарфшӯ то ба сарошпази кох расидааст.
Вале, нақл кардааст Насрулло, ҳокимрони кунунии Афғонистон ӯро боз ба ҳамон вазифаи 50 соли пеши худ, яъне зарфшӯ ва баъзан сабзипӯсткун пойин фаровардаанд. Зеро дигар малакаю маҳорати баланди ошпазӣ ва собиқаи бойи касбии ӯ ба "Толибон" зарур нест. Бино ба гуфтаи ӯ, "дигар дар феҳрасти ғизоҳои ҳокимони феълии Афғонистон (Толибон) аз сабзавоту меваҷот хабаре нест. Чун роҳбарони "Толибон" фақат дӯст доранд гӯшт, гӯшт ва гӯшт бихӯранд. Дигар ҳеҷ".
Насрулло меафзояд: "Дар гузашта руасои ҷумҳури Афғонистон, аз ҷумла Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ дӯст доштанд бештар сабзавот истеъмол кунанд, аммо ҳокимони феълии Афғонистон, ки аз рустоҳо омадаанд, фақат гӯшт мехоҳанд".
Ба ин суол, ки ҳоло барои сарони "Толибон" чӣ таомҳо дар кохи раёсатҷумҳурӣ тайёр мекунанд?, Насрулло гуфтааст, ки "тамоми чизе, ки "Толибон" мехоҳанд бихӯранд, гӯшт, гӯшт ва гӯшт аст. Бидуни ягон сабзиҷот ва хӯришҳои дигар".
Категория
Тик Ток Приколы
Комментариев нет.